14. Саргардонӣ дар биёбон

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 1

Вақте ки Худо ба исроилиён ҳама қонунҳоеро дод, ки онҳо бояд дар як аҳд бо Ӯ иҷро мекарданд, Ӯ онҳоро аз кӯҳи Сино дур кард. Худо пешопеши халқ дар сутуни абр мерафт ва халқ аз паси Ӯ мерафтанд. Ӯ мехост онҳоро ба Замини Ваъдашуда, ки Қанъон ном дошт биёрад.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 2

Худо ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яқуб ваъда дод, ки Замини Ваъдашударо ба наслҳои онҳо хоҳад дод, аммо дар он вақт қавмҳои гуногун дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Онҳоро қанъониён меномиданд. Қанъониён ба Худо саҷда намекарданд ва ба Ӯ итоат намекарданд. Онҳо худоёни бардурӯғро парастиш мекарданд ва корҳои бадро зиёд мекарданд.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 3

Худо ба исроилиён гуфт: «Вақте ки шумо ба Замини ваъдашуда медароед, шумо бояд ҳамаи қанъониёнро нест кунед. Бо онҳо иттифоқ нашавед ва бо онҳо никоҳ накунед. Шумо бояд ҳамаи бутҳои онҳоро несту нобуд кунед. Агар шумо мувофиқи гуфти Ман амал накунед, пас на ба Ман, балки ба бутҳои онҳо саҷда хоҳед кард».

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 4

Вақте ки исроилиён ба сарҳади Қанъон наздик шуданд, Мӯсо дувоздаҳ мардро интихоб кард, ки аз ҳар як хонадони Исроил буд. Вай ин одамонро барои аз назар гузаронидани замин фиристод, то ки он чи тавр аст. Онҳо бояд дар бораи қанъониён маълумот мегирифтанд, то бифаҳманд, ки онҳо пурқувват ҳастанд ё заиф.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 5

Дувоздаҳ мард чил рӯз дар атрофи Қанъон гаштанд ва баъд баргаштанд. Ҳама ба мардум гуфтанд: "Замин хеле хуб аст ва ҳосили фаровон медиҳад"! Аммо даҳ нафари онҳо тасдиқ мекарданд: “Шаҳрҳои он ҷо хеле мустаҳкам ва одамон хело азимҷуссаанд! Агар мо ба онҳо ҳамла кунем, онҳо бешубҳа моро мекушанд"!

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 6

Ду ҷосусӣ дигар, Колеб ва Еҳушаъ ибни Нун, гуфтанд: "Дуруст аст, ки мардуми Қанъон қоматбаланд ва пурқувватанд, аммо мо метавонем онҳоро мағлуб кунем! Худо барои мо ҷанг хоҳад кард"!

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 7

Аммо мардум ба Колеб ва Еҳушаъ ибни Нун гӯш надоданд. Мардум аз Мӯсо ва Ҳорун хашмгин шуда, гуфтанд: "Чаро моро ба ин макони даҳшатбор овардед? Беҳтар мебуд, агар мо дар Миср мемондем. Агар мо ба ин сарзамин ворид шавем, дар ҷанг нобуд хоҳем шуд ва занону фарзандони мо ғуломи қанъониён хоҳанд шуд". Мардум мехостанд як роҳбари наверо интихоб кунанд, ки онҳоро ба Миср баргардонад.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 8

Худо шунид, ки халқ чи мегӯяд сахт ба ғазаб омад. Вай ба хаймаи ҷамъомад омада гуфт: "Азбаски шумо бар зидди ман бархестед, тамоми мардум дар биёбон саргардон хоҳанд шуд. Ҳамаи одамони аз бистсола боло дар ин ҷо мемиранд ва ҳеҷ гоҳ ба замине, ки ба шумо медиҳам дохил намешаванд. Танҳо Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ба он дохил мешаванд".

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 9

Вақте, ки одамон ин суханони Худоро шуниданд, пушаймон шуданд, ки гуноҳ карданд. Онҳо қарор карданд, ки ба муқобили сокинони Қанъон ҷанг кунанд. Мӯсо онҳоро огоҳ кард, ки ба ҷанг ба Қанъон нараванд, чунки Худо бо онҳо нахоҳанд рафт, аммо онҳо Мӯсоро гӯш надоданд.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 10

Худо бо исроилиён ба ин ҷанг нарафт ва аз ин рӯ қанъониён онҳоро мағлуб карда, бисёре аз онҳоро куштанд. Сипас исроилиён аз Қанъон дур шуданд. Баъд аз ин, онҳо чил сол дар биёбон саргардон шуданд.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 11

Дар давоми ин чил соле, ки онҳо дар биёбон роҳ мерафтанд, Худо ба онҳо ғамхорӣ мекард. Ӯ ба онҳо нонро аз осмон дод, ки "шакарак (манн)" ном дорад. Дар ин муддат Худо либос ва пойафзоли онҳоро нигоҳ дошт ва онҳо фарсуда нашуданд.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 12

Худо ба таври мӯъҷизавӣ ба онҳо аз санг об дод. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин халқи Исроил аз Худо ва Мӯсо шиква ва шикоят мекарданд. Худо ҳанӯз ҳам ба ваъдаҳои худ содиқ буд. Ӯ бо насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мувофиқи ваъдааш муносибат кард.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 13

Як рӯз халқ бе об монд. Худо ба Мӯсо гуфт: "Ба ин санг бигӯй об диҳад ва об аз он ҷорӣ хоҳад шуд". Аммо Мӯсо дар пеши тамоми халқ ба гапи Худо итоат накард. Ӯ ба санг нагуфт, ки об диҳад, балки бо асо ду бор зад. Аз санг об ҷорӣ шуд ва ҳама нӯшиданд, аммо Худо аз Мӯсо хашмгин шуд ва гуфт: "Азбаски чунин рафтор кардӣ, ба Замини ваъдашуда нахоҳӣ даромад"!

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 14

Пас аз чил соли саргардонӣ дар биёбон, ҳамаи онҳое, ки бар зидди Худо исён бардоштанд, мурданд. Сипас Худо боз мардумро ба марзи Замини ваъдашуда бурд. Мӯсо пир шуда буд ва Худо Еҳушаъ ибни Нунро роҳбари халқ интихоб кард. Худо ба Мӯсо ваъда дод, ки рӯзе ба халқ пайғамбари дигаре мисли Мӯсо мефиристад.

14.  Саргардонӣ дар биёбон — иллюстрация 15

Худо ба Мӯсо фармуд, ки ба қуллаи кӯҳ барояд то Замини ваъдашударо бубинад. Мӯсо Замини ваъдашударо дид, аммо Худо нагузошт, ки ба он дохил шавад. Пас аз он Мӯсо мурд, ва халқи ‐ Исроил сӣ рӯз мотам гирифтанд. Еҳушаъ ибни Нун раҳбари нави онҳо шуд. Ӯ мардумро хуб раҳбарӣ мекард, зеро ба Худо имон дошт ва ба Ӯ итоат мекард.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Хуруҷ боби 16-17: Ададҳо 10-14: 20: 27: Такрори Шариат 34 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).