25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 1

Дарҳол пас аз таъмид гирифтани Исо, Рӯҳулқудс Ӯро ба биёбон бурд. Исо дар он ҷо 40 рӯзу 40 шаб монд. Тамоми ин муддат Ӯ рӯза дошт ва дар охири он рӯзҳо Ӯ гуруснагии сахт ҳис кард. Сипас Шайтон ба назди Исо омад ва Ӯро озмуданӣ шуд.

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 2

Шайтон ба Исо гуфт: "Агар Ту Писари Худо бошӣ, пас ин сангҳоро ба нон табдил деҳ то онҳоро хӯрда шавад"!

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 3

Аммо Исо ба Шайтон ҷавоб дод: "Каломи Худо мегӯяд: "Барои ҳаёт бурдан, одамон на танҳо ба нон, балки ба ҳар чизе, ки Худо ба онҳо мегӯяд, ниёз доранд"!

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 4

Пас аз он, шайтон Исоро ба қуллаи маъбад овард ва гуфт: "Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба замин парто, зеро навишта шудааст: "Худо ба фариштагони худ амр хоҳад дод, ки Туро бардоранд, то пои Ту ба санге назаданад".

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 5

Вале Исо он чиро, ки Шайтон аз Ӯ мехост, иҷро накард. Ӯ гуфт: "Худо ба ҳама мегӯяд: Худованд Худои худро наозмой."

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 6

Баъд шайтон Исоро ба кӯҳи хеле баланд овард ва ба Ӯ тамоми подшоҳии дунёро, қудрат ва сарвати онҳоро нишон дод. Шайтон ба Исо гӯфт: "Ман ҳамаи инро ба Ту медиҳам агар, ки Ту дар пеши ман ба замин афтода ба ман саҷда кунӣ."

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 7

Аммо Исо ҷавоб дод: «Аз ман дур шав, эй шайтон! Дар Каломи Худо, Худо ба халқи худ мегӯяд: "Танҳо ба Худованд Худои худ саҷда кунед ва танҳо Ӯро ҳамчун Худо иззату ҳурмат кунед".

25. Шайтон Исоро озмоиш мекунад — иллюстрация 8

Исо ба васвасаҳои Шайтон дода нашуд ва Шайтон ӯро тарк кард. Пас аз он фариштагон назди Исо омада, ба Ӯ ғамхорӣ карданд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 4:1-11 ва Инҷили Марқус боби 1:12-13: ва Инҷили Луқо боби 4:1-13 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).