35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 1

Як рӯз Исо ба ҷамъи мардуме, ки ҷамъ омада буданд, то Ӯро гӯш кунанд, таълим медод. Дар байни онҳо боҷгирон ва одамони дигар ҳам буданд, ки шариати Мусоро риоя намекарданд ва аз ин рӯ гунаҳкор ҳисоб мешуданд.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 2

Фарисиён ва шариатдонон диданд, ки Исо бо ин одамон чун дӯстон муносибат мекард. Аз ин рӯ, онҳо хашмгин шуданд ва ба якдигар гуфтанд: "Ӯ нодуруст рафтор мекунад, бо гунаҳкорон сӯҳбат мекунад ва ҳатто бо онҳо хӯрок мехӯрад." Исо онҳоро шунид ва ба онҳо ин ҳикояро гуфт:

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 3

“Як мард ду писар дошт. Як рӯз писари хурдӣ ба падараш гуфт: "Падар, ман мехоҳам мероси худро ҳозир гирам"! Сипас падар моликияти худро байни ду писараш тақсим кард.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 4

Баъд аз ин, писари хурдӣ ҳама чизеро, ки ба ӯ мерос буд, гирифта, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо пулро ба зиндагии парешонии гунаҳкорона сарф кард.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 5

Дере нагузашта дар он кишвар гуруснагии шадид сар шуд ва ӯ ҳатто барои хӯрок пул надошт. Аз ин рӯ, ӯ ба кори нигоҳубини хукҳо шурӯъ кард. Ин ягона коре буд, ки вай ёфта тавонист. Вай чунон гурусна буд, ки аз хӯрдани хӯроки хук низ хурсанд буд, аммо инро ба ӯ иҷозат надоданд.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 6

Дар охир писари хурдӣ ба худ гуфт: "Ман чӣ кор карда истодаам? Падарам хизматгорони зиёде дорад ва ҳама ба серӣ мехӯранд аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам. Ман ба назди падарам баргашта хоҳиш мекунам, ки хизматгораш шавам".

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 7

Ва писари хурдӣ ба хонаи падараш баргашт. Вақте, ки ӯ ҳанӯз дур буд, падараш ӯро дида раҳмаш омад. Ӯ ба пешвози писараш давида ӯро ба оғӯш гирифт ва бӯсид.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 8

Писар гуфт: "Ман бар зидди Худо ва зидди ту гуноҳ кардам. Ман лоиқ нестам, ки писари ту шавам".

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 9

Аммо падар ба яке аз хизматгоронаш гуфт: "Шитобед рафта беҳтарин либосҳоро гиред ва ба писарам пушонед! Ангуштарин дар ангушташ ва пойафзол дар пояш пушонед. Сипас гӯсолаи фарбеҳро бикушед. Мо зиёфат хоҳем кард, зеро ки писарам мурда буд, аммо ҳоло зинда аст! Вай гум шуда буд, аммо ҳоло ёфт шуд"!

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 10

Ва ҳама ба ҷашн гирифтан оғоз карданд. Дере нагузашта писари калонӣ аз саҳрое, ки кор мекард ба хона омад. Вай садоҳои мусиқӣ ва рақсро шунид ва яке аз хизматгоронашро фарёд карда пурсид, ки дар он ҷо чӣ гузашта истодааст.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 11

Вақте писари калонӣ фаҳмид, ки дар хона ҷашн аст, зеро бародараш баргаштааст, хеле хашмгин шуда, ҳатто ба хона надаромадааст. Падари ӯ баромада аз ӯ хоҳиш кард, ки дарояд, то бозгашти писарашро бо онҳо ҷашн гирад, аммо ӯ рад кард.

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 12

Писари калонӣ ба падараш гуфт: "Муддати солҳои дароз ман ба ту софдилона кор мекардам. Ман ҳамеша ба ту итоат мекардам, аммо ту ҳеҷ гоҳ ба ман ҳатто бузичаеро надодӣ, то бо дӯстонам хурсандӣ кунам. Аммо ин писари ту пули туро дар ҳаёти беҳуда сарф кард. Ҳоло акнун ӯ ба хона баргашт ва ту барои ӯ гӯсолаи фарбеҳро барои ҷашн гирифтан куштӣ"!

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда — иллюстрация 13

Падар ҷавоб дод: "Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар он чизе, ки ман дорам, аз они ту аст. Мо хуб кардем, ки ин ҷашнро қайд кардем. Зеро бародари ту мурда буд ва ҳоло ӯ зинда аст. Ӯ гум шуда буд, акнун ӯ зинда аст"!

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Луқо боби 15:11-32 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).