41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 1

Пас аз он, ки сарбозон Исоро маслуб карданд, саркоҳинон ва фарисиён ба назди Пилотус омада, гуфтанд: "Ин фиребгар ҳанӯз дар зинда буданаш изҳор дошт, ки дар давоми се рӯз аз мурдагон эҳё мешавад. Фармон деҳ, ки се рӯз дар сари қабр посбон гузоранд, то шогирдонаш Ҷасадро дуздида, ба мардум нагӯянд, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шудааст".

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 2

Пилотус гуфт: "Посбононро бигиред ва қабрро чӣ тавре, ки меҳисобед, посбонӣ кунед". Онҳо рафта, санги даромадгоҳи қабрро мӯҳр заданд ва дар он ҷо посбононро гузоштанд, то ҳеҷ кас Ҷасади Исоро дуздида натавонад.

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 3

Рӯзи дигар пас аз марги Исо шанбе фаро расид. Дар ин рӯз кор кардан ва амал кардан манъ буд, аз ин рӯ шогирдони Исо ба назди қабри Ӯ нарафтанд. Ва рӯзи дигар пас аз шанбе, субҳи барвақт, чанд зан тасмим гирифтанд, ки ба назди қабри Исо раванд. Онҳо барои бадани Ӯ равғани атр - афшон ва равғанҳои хушбӯй омода карданд.

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 4

Пеш аз он, ки занон ба қабр расанд заминларза сар шуд. Дар ин лаҳза фариштае аз осмон фуруд омад. Сангеро, ки даромадгоҳи қабрро фаро гирифта буд, ғелонда, бар он нишаст. Фаришта мисли оташ дурахшид. Посбонони қабр ӯро дида, тарсида мисли мурда ба замин афтоданд.

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 5

Вақте, ки занон ба сари қабр омаданд онҳо низ фариштаро диданд. Ӯ ба онҳо гуфт: "Аз ман натарсед. Ман медонам, ки шумо Исоро мекобед, аммо Ӯ дар инҷо нест. Ӯ аз мурдагон эҳё шуд читавре, ки гуфта буд. Ба қабр нигоҳ кунед ва худатон бубинед". Занон ба қабр нигоҳ карда ҷоеро, ки Исо хобида буд диданд. Ҷасади Ӯ дар онҷо набуд!

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 6

Фаришта ба занон гуфт: "Биравед ва ба шогирдон бигӯед: "Исо аз мурдагон эҳё шуд ва Ӯ шуморо дар Ҷалил пешвоз мегирад".

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 7

Занон хеле ҳайрон ва хурсанд шуданд. Онҳо назди шогирдони Исо давиданд, то ба онҳо хабари хушро расонанд.

41.Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад — иллюстрация 8

Ҳангоме ки занҳо дар роҳ буданд, Исо ногаҳон дар пеши онҳо пайдо шуд. Онҳо дар пеши Ӯ ба замин афтоданд ва пойҳои Ӯро ба оғӯш гирифтанд. Исо гуфт: «Натарсед. Биравед ва ба шогирдони Ман бигӯед, ки ба Ҷалил раванд. Дар онҷо онҳо Маро мебинанд».

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 27:62-28:15 ва Инҷили Марқус боби 16:1-11 ва Инҷили Луқо боби 24:1-12 ва Инҷили Юҳанно 20:1-18 гирифта шудааст.

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).