28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 1

Як рӯз як ҷавони сарватманду обрӯманд ба назди Исо омада аз Ӯ пурсид: "Устоди нек, барои гирифтани ҳаёти ҷовидонӣ ман бояд чӣ кор кунам"? Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Танҳо Худо нек аст. Агар ту хоҳӣ, ки ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошӣ ба аҳкоми Худо итоат кун".

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 2

"Кадом аҳкоми мушаххасро бояд иҷро кунам"? - пурсид ҷавон. Исо ҷавоб дод: "Қатл накун; Садоқати издивоҷатонро вайрон накун. Дуздӣ накун. Дурӯғ нагӯй. Падару модари худро эҳтиром кун ва дӯсти худро мисли худ дӯст бидор".

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 3

Ҷавон гуфт: “Ман аз кӯдакӣ ҳамаи ин фармонҳоро иҷро мекунам. Барои зиндагии ҷовидона доштан боз чӣ кор кардан лозим аст?" Исо бо меҳр ба ӯ нигарист ва ҷавоби Худро ба ӯ дод.

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 4

Исо гуфт: "Агар ту хоҳӣ, ки комил бошӣ рафта ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба мискинон пул деҳ. Он гоҳ ту дар осмон ганҷе хоҳи дошт. Пас биё ва Маро пайравӣ кун".

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 5

Вақте ҷавон суханони Исоро шунид, хеле ғамгин шуд ва Исоро тарк кард. Охир, вай марди хеле сарватманд буд ва намехост, ки ҳама чизеро, ки дорад, бидиҳад.

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 6

Исо ба шогирдонаш гуфт: "Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон хеле душвор аст! Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба шахси сарватманд, ки ба Подшоҳии Худо дарояд".

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 7

Вақте, ки шогирдон ин суханони Исоро шуниданд, дар ҳайрат монданд. Онҳо пурсиданд: "Пас кӣ метавонад наҷот ёбад"?

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 8

Исо ба шогирдон нигоҳ карда дар ҷавоб гуфт: "Ба одамон ғайриимкон аст худро наҷот додан. Аммо ҳеҷ чиз барои Худо ғайриимкон нест".

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 9

Пас Петрус аз Исо пурсид: "Мо, шогирдон, ҳама чизро тарк карда, аз паси Ту рафтем. Мукофоти мо чӣ гуна мешавад"?

28. Ҷавони сарватманд ва бонуфуз — иллюстрация 10

Исо ҷавоб дод: "Ҳар касе, ки ба хотири ман хона, бародару хоҳар, падару модар, фарзандон ё молу мулки худро тарк кунад 100 маротиба зиёд мегирад. Ӯ инчунин ҳаёти абадӣ мегирад. Ва касоне, ки дар аввал ҳастанд дар охир мешаванд ва касоне, ки дар охир дар аввал мешаванд".

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 19:16-30 ва Инҷили Марқус боби 10:17-31: ва Инҷили Луқо боби 18:18-30 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).