29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 1

Боре Петрус аз Исо пурсид: "Устод, вақте ки бародарам бар зидди ман гуноҳ мекунад, чанд маротиба ман бояд бибахшам? Ҳафт бор"? Исо ҷавоб дод: "Ҳафт бор не, балки ҳафтод бор ҳафт борӣ"! Исо ба маънои он гуфт, ки мо бояд ҳамеша бахшем. Сипас Исо ин ҳикояро гуфт:

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 2

"Подшоҳии Худо ба подшоҳе монанд аст, ки мехост хизматгоронаш тамоми қарзҳои ӯро ба ӯ диҳанд. Як хизматгор қарзи калоне дошт, ки 200 000 маоши солона мешуд.

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 3

Азбаски ғулом наметавонист ин қарзро баргардонад, подшоҳ гуфт: "Ин мардро ва аҳли хонаводаашро ҳамчун ғулом фурӯшед то қарзро пардохт кунад".

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 4

Сипас ғулом дар назди подшоҳ ба зону афтода, илтиҷо кард: "Илтимос сабр кун ва ман ҳама чизеро, ки аз ту қарздорам, бармегардонам". Подшоҳ ба ғулом раҳм кард. Ӯ тамоми қарзро бахшида ӯро озод кард.

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 5

Вақте, ки хизматгор аз назди подшоҳ баромада рафт, бо як хизматгори дигаре вохӯрд, ки ба ӯ қарздор буд. Ин қарз ба маоши чормоҳа баробар буд. Хизматгор қарздори худро қапида ва гуфт: "Қарзи пулиро ба ман баргардон"!

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 6

Қарздор ба зону афтода илтиҷо кард: "Илтимос сабр кун ва ман ҳама чизеро, ки аз ту қарздорам ба ту бармегардонам". Вале хизматгор қарздорро ба маҳбас партофт, то он даме, ки ӯ то ба охир қарзашро баргардонад.

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 7

Хизматгорони дигар ин воқеаро диданд ва ин онҳоро ғамгин кард. Онҳо назди подшоҳ рафтанд ва ҳамаи воқеаро ба ӯ гуфтанд.

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 8

Пас подшоҳ он хизматгорро фарёд зада гуфт: "Ту ғуломи бад ҳастӣ! Ман қарзи туро бахшидам зеро ту маро илтиҷо кардӣ. Ту ҳам бояд чунин рафтор мекардӣ. Подшоҳ чунин дар ғазаб буд, ки ғуломи бадкирдорро то ба охир расонидани тамоми қарзи худ ба зиндон партофт".

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон — иллюстрация 9

Исо гуфт: "Ин аст он чизе ки Падари Осмониам бо ҳар яки шумо мекунад, агар шумо бародарони худро бо тамоми дили худ набахшед."

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 18:21-35 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).