31. Исо дар рӯи об роҳ меравад

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 1

Пас аз он ки Исо ба ҷамъи мардум хӯрок дод, Ӯ ба шогирдон гуфт, ки ба қаиқ савор шуда, ба он тарафи кӯл шино кунанд. Исо одамонро ба хона фиристод ва барои дуо гуфтан ба кӯҳ баромад. Дар он ҷо Ӯ танҳо монд ва то ними шаб дуо гуфт.

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 2

Он вақт шогирдон дар қаиқ шино мекарданд. Шамоли рӯ ба рӯ мевазид ва то ними шаб онҳо тавонистанд то миёнаи кӯл расанд.

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 3

Дар ин миён, Исо дуоро тамом карда, назди шогирдонаш рафт. Вай ба болои об рост ба тарафи қаиқи онҳо равона шуд.

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 4

Вақте, ки шогирдон Ӯро диданд, хеле тарсиданд, зеро гумон карданд, ки ин арвоҳ аст. Исо дид, ки онҳо метарсанд ва ба онҳо гуфт: "Натарсед. Ин Ман ҳастам"!

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 5

Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: "Устод агар ин Туӣ ба ман амр деҳ, то ки дар рӯи об назди ту равам". Исо ба Петрус гуфт: "Биё"!

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 6

Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯи об назди Исо равона шуд. Аммо каме роҳ рафтан ӯ нигоҳашро аз Исо дур кард ва пай бурд, ки чи хел шамоли сахт мевазад ва чӣ гуна мавҷҳои калон дар атроф аст.

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 7

Петрус тарсид ва ғарқ шудан гирифт. Ӯ дод зад: "Устод, маро наҷот деҳ"" Исо дарҳол даст дароз карда, ӯро қапид. Ӯ ба Петрус гуфт: "Имони ту кам аст! Барои чӣ ту шубҳа кардӣ"?

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад — иллюстрация 8

Пас аз он Петрус ва Исо ба қаиқ савор шуданд, шамол ҳамон замон хомӯш шуд ва об ором шуд. Шогирдон хеле дар ҳайрат монданд. Онҳо ба Исо таъзим карда гуфтанд: "Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ"!

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 14:22-33 ва Инҷили Марқус боби 6:45-52: ва Инҷили Юҳанно 6:16-21 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).