32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 1

Исо ва шогирдонаш бо қаиқ ба маҳалли зисти мардуми Герасин рафтанд. Онҳо ба соҳил расида, аз қаиқ фуромаданд.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 2

Дар он ҷо марде буд, ки девҳои бисёр дошт.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 3

Вай чунон пурзӯр буд, ки касе ӯро ором карда наметавонист. Бисёр вақт одамон дастҳо ва пойҳои ӯро бо занҷир мебастанд, аммо ӯ онҳоро мешикаст.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 4

Ин мард дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард. Вай шабу рӯз дод мезад, либос намепӯшид ва аксар вақт худро бо санг мебурид.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 5

Вай ба назди Исо давида омад, ва ба зону афтод. Дев дар он мард бо овози баланд дод зад: "Исо, Писари Худои Таъоло аз ман чӣ мехоҳӣ? Илтимос маро азоб надеҳ"!

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 6

Исо ба дев рӯ оварда гуфт: "Аз ин мард берун шав"! Он гоҳ Исо аз дев пурсид: "Номи ту чист"? Вай ҷавоб дод: "Номи ман Лашкар аст, зеро мо бисёрем".

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 7

Девҳо аз Исо пурсиданд: "Илтимос моро аз ин ҷойҳо нафирист!" На он қадар дур дар теппа галаи хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо илтиҷо карданд: "Илтимос, моро ба ин хукҳо бифирист"! Исо ба онҳо иҷозат дод, ки ин корро кунанд.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 8

Дар он рама тақрибан 2000 хук буд. Девҳо аз одам берун шуда, ба хукҳо даромаданд. Гала аз соҳил нишеб шуда ба кӯл ғалтид ва ғарқ шуд.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 9

Вақте чӯпононе, ки хукҳоро мечаронданд ин воқеаро дида ба шаҳр давида рафтанд ва ҳама чизеро, ки Исо карда буд ба ҳама нақл карданд. Мардум аз шаҳр омаданд ва одамеро диданд, ки пеш девҳои бисёр дошт. Вай ором буд, дар тан либос дошт ва мисли як одами солим рафтор мекард.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 10

Мардум сахт тарсиданд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки минтақаи онҳоро тарк кунад. Аз ин рӯ Исо ба қаиқ савор шуд ва он одаме, ки дар он девҳои зиёд буд, аз Исо иҷозат пурсид то бо Ӯ равад.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 11

Аммо Исо дар ҷавоби вай гуфт: "Не, Ман мехоҳам, ки ту ба хонаат рафта ҳама чизро, ки Худо барои ту кардааст нақл кунӣ. Ба ҳама бигӯ, ки чӣ гуна Ӯ ба ту раҳм кард".

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 12

Ин одам рафта ҳама чизеро, ки Исо барои ӯ карда буд, нақл мекард. Ва ҳар касоне, ки ҳикояти ӯро мешуниданд хеле дар ҳайрат мемонданд.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 13

Дар ин замон Исо ба соҳили дигари кӯл гузашт. Вақте ки ӯ ба он ҷо расид, мардуми зиёде дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд. Одамонон чунон зиёд буданд, ки гирду атрофи Ӯ хело танг шуд. Дар миёни мардум зане буд, ки 12 сол боз аз хунравӣ азоб мекашид. Вай тамоми дороияшро ба табибон сарф кард, то ӯро шифо диҳанд, аммо танҳо бадтар мешуду хубтар не.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 14

Ӯ шунид, ки Исо мардуми бисёри беморро шифо медод ва фикр кард: "Бовар дорам, ки агар ман танҳо ба либоси Исо даст расонам, шифо хоҳам ёфт"! Барои ҳамин ӯ аз пушти Исо омада, либоси Ӯро ламс кард. Ҳамин ки вай ба Ӯ даст расонд, хунравиаш манъ шуд.

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 15

Худи ҳамон замон Исо ҳис кард, ки қувват аз Ӯ баромад. Ӯ баргашт ва пурсид: "Кӣ ба ман даст расонд?" Шогирдон дар ҷавоб гуфтанд: "Дар гирду атрофи Ту одамони зиёде ҷамъ омадаанд. Онҳо пайваста Туро ламс мекунанд. Чаро Ту мепурсӣ: "Кӣ ба Ман даст расонд"?

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад — иллюстрация 16

Он гоҳ зан пеши Исо ба зону афтод ва аз тарс меларзид ва ба ӯ нақл кард, ки чӣ кор кардааст ва чӣ тавр шифо ёфтааст. Исо ба вай ҷавоб дод: "Имонат туро шифо бахшид. Ба осоиштагӣ бирав".

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 8:28-34 9.20-22 ва Инҷили Марқус боби 5:1-20: 5;24б-34 ва Инҷили Луқо боби 8:26-39 8;42б-48 гирифта шудааст

Читать в ридере

Свободно для использования, адаптации и распространения по открытой лицензии (CC BY-SA 4.0).